суббота, 9 августа 2008 г.

Нархи рузномахо чанд аст?


Нархи рузномахо дар Точикистон хеле гаронанд.Аз ин ру, на хамаи хохишмандон метавонанд онхоро дастрас намоянд.Нурмухаммад Шамсов, сокини нохияи Хисор мегуяд,ки ба кариби як дусташ аз сафари Афгонистону Покистон баргашта гуфтааст ,ки дар ин кишвархо нашрияхо ба маротиб аз Точикистон арзонанд.Масалан, у рузномаи "Ал-Иттиход"-ро,ки 68 сахифаи ранга бо формати А-2 чоп мешавад,ба 15 рупия харидааст,ки ба 80 дирами мо баробар мешавад.Сифати когазаш оли буда,дар Точикистон ба чунин сифати баланд на ин ки газета, хатто мачаллахои мусаввар чоп намешаванд.
Ба гуфтаи корманди нашрия "Азия плюс"- Равшан Махмудов нархи нашрияхо бештар аз чониби нафароне,ки дар сари роху кучахо ва дуконхои алохида ба фуруши газетахо машгуланд,баланд бардошта мешавад.
Мухбири хафтаномаи Точикистон Махмадали Максадулло сабаби дигари гаронии нархи рузномахоро ба фаъолияти сусти "Точикматлубот " вобаста медонад.

Кӣ ришва мегирад?

Субҳи дирӯз дотсенти донишгоҳи шаҳри Х-ро бо 1500 доллари Амрикоӣ барои тақсим накарданаш ба даст афтод.
Тафтишот идома дорад